Меҳмонхонаи «Шумон» ҳузури шуморо дар шаҳри Душанбе хайра мақдам мегӯяд!
Меҳмонхонаи мо дар маркази тиҷорӣ ва маъмурии шаҳр воқеъ шудааст. Шумо баробари вурудатон ба меҳмонхона дар фазои гарму меҳрубонӣ қарор хоҳед дошт. Кормандони мо саъйу талош мекунанд, то шумо дар ҳуҷраҳои муҷаҳҳазу зебо худро мураффаҳу хуш эҳсос бикунед ва иқомататон дар меҳмонхонаи мо чун хотираи неке ҳамгоми зиндагиатон бимонад.
Меҳмонхонаи мо дар маркази тиҷорӣ ва маъмурии шаҳри Душанбе дар соҳили рости рӯди Варзоб ҷой гирифтааст. Дар фосилаи панҷоҳ метр аз меҳмонхона Боғи Парчами Миллӣ доман густурдааст. Дар ин боғ кӯли маснуъӣ, атраксионҳо барои баччагон, пайкараҳои шахсиятҳои таърихии Тоҷикистон ҷой дода шудаанд. Парчами Миллии Тоҷикистон (масоҳат – 1800 м. мураббаъ, арз – 60 м, бар – 30 м, вазн 420 кг) бо милаи баландиаш 165 м ( дувумин дар ҷаҳон) ҷаззобият ва шукӯҳи асосии ансамбли ин боғ аст. Дар ин боғ ҳамчунин Музейи миллии Тоҷикистон бо ашёҳои ривояткунандаи таърих, фарҳанг ва табиати Тоҷикистон воқеъ шудааст. Майдони Дустӣ бузургтарин ва зеботарин майдони шаҳр аст, ки дар он пайкараи Исмоили Сомонӣ ва музейи сохташуда ба муносибати 1100-солагии Давлати Сомониён воқеъ шудаанд. Шумо ҳамчунин аз сайругашт дар маҳдудаи атрофи Кохи Миллат, ки дар фосилаи панҷ дақиқа роҳ аз меҳмонхона ҷой гирифтааст, таассуроти фаромӯшношуданӣ мегиред. Кохи Миллат — қароргоҳи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқбол ва пазироии ҳайатҳо ва меҳмонони олиқадр буда, дар маҳдудаи 9 га дар шафати боғҳои Рӯдакӣ, Парчами Миллӣ ва Нишони Миллӣ ҷой гирифтааст. Дар масофаи 200 метр аз меҳмонхона дар масоҳати 8 га боғи бошукӯҳи устод Рӯдакӣ ҷой дорад. Аз гулгаштҳои зебои боғ қадам зада, шумо аз тамошои фаввораҳо, ки насимашон атрофро салқин мекунад ва гулҳои рангбаранг, ки атрашон димоғҳоро менавозад, ҳаловат мебаред. Дар маркази боғ пайкараи асосгузори адабиёти тоҷику форс, Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ қомат афрохтааст. Дар аквапарк, ки дар муқобили меҳмонхонаи «Шумон» воқеъ аст, шумо имкон доред, аз шаҳр берун нарафта аз бозиҳои мухталифи обӣ ҳаловат баред.
Меҳмонхона дар фосилаи 10 км аз Фурудгоҳ, 7 км аз Истгоҳи роҳи оҳан, 10 км аз Автовокзал, дар кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ 34 ҷой гирифтааст.
Дар ҳуҷраҳо ба шумо хадамоти зайл пешниҳод мешавад:
- Хидматрасонии шабонарӯзӣ (room-service) дар ҳуҷраҳо
- Кондисионерҳо дар ҳамаи ҳуҷраҳо
- Говсандуқ
- Телефон
- Яхдон
- Пайваста иваз кардани рӯйкаши рахтихобҳо
- Душ
- Фен
- Интернети бесими (WiFi) маҷҷонӣ
- Телевизиони моҳвораӣ
- Иқомат дар ҳуҷра шомили субҳона ва истифодаи маҷҷонии Интернети бесим (WiFi) аст.
- Хидматрасонии босифат ва кормандони варзида фазои меҳмонавозонаи хос эҷод мекунанд.
Утоқҳои
- 40 утоқ:
- 13 утоқи васеъ барои 2-нафар -делюкс (superior plus)
- 1 утоқи якнафараи муқаррарӣ (standard)
- 18 утоқи васеъ барои 2-нафар бо як тахти хоби калони дунафара (double)
- 8 утоқи васеъ барои 2-нафар бо ду тахти хоби алоҳида (deluxe twin)
Шабонарӯз дар хидмати шумо: - Интернет (WI-Fi)
- Майдони мошингузории ҳифозатшаванда
- Ҷомашӯйӣ
- Бар
- Ресторан
Шумо метавонед на танҳо дар меҳмонхона, балки ба воситаи телефон, ҳамчунин дар сайти мо ҳуҷра резерв бикунед. Барои пардохт кортҳои Visa, MasterCard қабул карда мешаванд. Пардохти нақдӣ танҳо бо пули миллӣ: СОМОНӢ мумкин аст.
Резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иқомати худ дар меҳмонхонаро метавонанд бо пули миллӣ (сомонӣ) ва кортҳои Корти Миллӣ, Visa, MasterCard пардохт кунанд.
Вуруди барвақт аз 5:00 то 12:00 рӯз – пардохт бо иловаи 50% аз нархи ҳуҷра.
Вуруд аз 12:00 то 14:00 – маблағи иловагӣ пардохт намешавад .
Хуруҷи пас аз итмоми муҳлат то 18:00 бегоҳ – пардохти илова баробар бо 50% аз нархи ҳуҷра.
Хуруҷи пас аз итмоми муҳлат баъд аз 18:00 – нархи пурраи ҳуҷра барои як шабонарӯз пардохт мешавад.
Хидматрасонии босифат ва кормандони варзида фазои меҳмонавозонаи хос эҷод мекунанд.