Хабарҳои меҳмонхона

Apr09

Меҳмонхонаи “Шумон” Шуморо дар маркази пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри зебоманзари Душанбе хайру мақдам мегӯяд.

Муҳим нест, ки Шумо ба шаҳри мо бо сафари корӣ ё барои истироҳат ташриф овардед, бори аввал шаҳри моро дидан мекунед ё алакай ин ҷо омада будед, муҳим он аст, ки мо мекӯшем буду боши шуморо дар шаҳри зебоямон нотакрор гардонем.

Дар меҳмонхонаи мо Шумо метавонед манзараҳои зебои Душанбешаҳрро аз ҷумла баландтарин Парчами кишвар, Қасри Миллат, дарёи Душанберо набаромада аз утоқатон назорат кунед.

#shumon – барои касоне, ки хизматрасонии волоро интихоб мекунанд, беҳтарин ҷост!

Шумо метавонед дар сомонаи www.shumonhotel.com ва дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ утоқ резерв намоед ва 10 % таҳфифро соҳиб шавед.

 

Apr09

Барои истироҳати бофароғаттари меҳмонон наҳориро дар меҳмонхонаи “Шумон” ба шакли “мизи шведӣ” пешниҳод мекунанд.

Ҳар субҳ  дар тарабхонаи “Шумон” барои наҳорӣ интихоби васеи хӯрокҳои гарм ва хунук, хӯришҳои сабук, анвои шарбатҳои гуногун, меваҷот, маҳсулотҳои ширӣ ва ҳамчунин пухтаниҳои дастӣ барои меҳмонон пешкаш мегардад.

Оростани наҳорӣ: ҳамарӯза аз соати 7.00 то соати 9.00.

Ҳангоми хуруҷи барвақтӣ (то соати 7.00) ба меҳмонон наҳориро дар шакли сендвич пешниҳод менамоянд.

Рӯзатонро бо наҳории болазат ва серғизо шурӯъ намоед!

Mar28

Иҷораи толорҳо дар Меҳмонхонаи «ШУМОН»
Барои ташкилоту идораҳо аз ҷониби Меҳмонхонаи «Шумон» 2-толор барои гузаронидани чорабиниҳои гуногун пешкаш карда мешаванд. Ҷойгиршавӣ дар маркази шаҳри Душанбе, шароити беҳтарин ва мавҷудияти тарабхона дар меҳмонхона бартарияти калонро медиҳад. Шумо метавонед маҷлисҳо, дарсҳои омўзишӣ, вохӯриҳо, намоиши видеомаводҳо ва презентасияҳоро баргузор намоед. Дар ҳар толор 15-ҷойи нишаст, ки бо масоҳати 36 м.м. мебошанд бо проекторҳо муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.
Нархи иҷора 1000 сомонӣ буда вобаста ба талаботи мизоҷон боз метавон баррасӣ карда шавад!